24.08.1981

Номзади илмҳои педагогӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: литсейи №1. Хатмкардаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2003). Аспиранти Донишгоҳи давлатии Калуга (с.2008-2011), ассистенти кафедраи барномарезии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2003 - 2008), мутахассиси кори таълимӣ-методии Донишгоҳи давлатии Калуга (с. 2010-2011), аз соли 2012 омӯзгори калони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.  

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Шартҳои педагогиро барои ташаккули омодагии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ барои истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар фаъолияти касбӣ муайян кардааст, асосҳои назариявии истифодаи технологияҳои информатсиониро дар раванди педагогии донишгоҳҳои соҳаи кишоварзӣ таҳия намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Таҳияи монография “Моделиронии раванди тайёркунии донишҷӯёни ихтисоси гуманитарӣ оид ба технологияҳои информатсионӣ” бо ҳаммуаллифии н.и.п. Каримов И.И.

Муаллифи 37 мақолаҳои илмӣ, 6 патент, 4 дипломи такмили ихтисос, 5 дастури таълимӣ-методӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи шуъбаи кор бо занон ва оила ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар озмуни “Зан - сарвар”, соли 2013.  

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.