26.08.1937

Академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои физика-математика, профессор

 

Тав.: шаҳри Душанбе, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №1-и шаҳри Душанбе (с.1944-1954). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов бо дипломи аъло (с. 1954-1959). Аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов (с.1959-1962), номзади илмҳои физикаю математика (с. 1966), доктори илмҳои физикаю математика (с. 1973), профессор (с.1983), академики АИ ҶТ (с.1981), корманди коллективи математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1962-1969), роҳбари Маркази ҳисоббарории шуъбаи математика бо Маркази ҳисоббарорӣ (с.1970-1973), ҷонишини директор оид ба илми Институти математика бо маркази ҳисоббарорӣ (с.1973-1976), роҳбари Маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1976-1984), академик-котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия ва геология АИ ҶТ (с.1984-1988), директори Институти математикаи АИ ҶТ (с.1988-1999), аз соли 1999 профессори кафедраи системаҳои иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Тафтиши имлои матни тоҷикӣ, TajSpell - модули тафтиши имлоӣ дар MS Office, ҷойгиршавии стандартии ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи компютер, ҷойгиршавии стандартии ҳарфҳои тоҷикӣ дар клавиатураи телефони мобилӣ, табдилдиҳии компютерии матни кирилии тоҷик ба графикаи форсӣ, кроссворди компютерии тоҷикӣ. Tajik-Crossword, таҳлили автоматии морфологияи калимаи тоҷикӣ, синтези овози тоҷикӣ, талаффузи компютерии матни тоҷикӣ. Tajik Text-to-Speech, тафтиши имлои матни тоҷикӣ, модули тафтиши имлоӣ дар Open Office, тарҷумаи калимавии компютерии матни забони тоҷикӣ ба англисӣ. Tajik-English Translator ва English-Tajik Translator, тарҷумаи калимавии компютерии матни забони англисӣ ба тоҷикӣ, коркарди асосҳои системаи автоматии муайянкунии муаллифи матни номаълум (дар мисоли асарҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ).

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбияи шогирдон ва омода кардани олимон саҳми арзанда дорад.

Муаллифи зиёда аз 300 асарҳои илмӣ доир ба риёзиёт ва информатика, аз ҷумла  10 монография, ки дар Тоҷикистон, Русия, Олмон ва Британияи Кабир нашр шудаанд. Доир ба натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалии кишварҳои ИДМ, Олмон, Австрия, Испания, Швейтсария, Полша, Булғория, Исроил, Эрон, Туркия ва Хитой баромад карда, оппоненти бештар аз 10 рисолаҳои доктории марказҳои математикаро ба уҳда дошт. Таҳти роҳбарии илмии устод 19 рисолаи номзадӣ ва як докторӣ ҳимоя гардидааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Медали хотиравӣ бахшида ба 100-солагии В.И. Ленин, соли 1970;

Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, соли 1987;

Арбоби хизматнишондодаи илму ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997;

Дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 2013.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.