26.05.1967

Номзади илмҳои физика-математика

 

Тав.:  ноҳияи Шуғнони ВКМБ, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 23, ноҳияи Шуғнон. Хатмкардаи факултети  механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (с. 1991). Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ,  ш. Москва (с.1985-1987).  Аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (с.1991-1992), муаллими кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (с.1992-1993), омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ФХДТТ (с.1994-2006),   сардори шуъбаи таълими  ФХДТТ (с. 2006-2007), декани факултети информатика ва технологияи  ФХДТТ (с. 2007-2009), декани факултети таҳсилоти базавии ФХДТТ (с.2009-2010), сардори шуъбаи таълими ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (с.2010-2012), дотсенти  кафедраи математикаи олӣ ва физика (с.2012-2014), мудири  кафедраи математикаи олӣ (с.2014-2016), мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ (с.2016-2018), аз моҳи феврали соли 2018 мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар давоми  таҳсил дар мактаби миёна ва донишгоҳ се маротиба ҳамчун ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаи умумииттифоқӣ (Одесса (маҷаллаи Квант, 11, 1982), Ереван, Уляновск) фаъолона иштирок кардааст.

Cоли 2000 дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Оид ба ҳалшавандагии муодилаҳои дифференсиалии хаттии одӣ дар фазоҳои Лебег” дифоъ намудааст.  Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ буда, 6 дастури методиро аз қисмҳои гуногуни математика ба табъ расондаст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Шогирди ӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ (с.т.2018-2019) аз фанни математика сазовори ҷойи 3 гашт.

Солҳои 2010-2013 дар семинарҳои сатҳи чумҳуриявӣ, ки оид ба гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактаби олӣ дар шакли тестӣ ва марказонидашуда гузаронда мешуданд, фаъолона иштирок кардааст. Дар таҳияи тестҳои пилотӣ барои Маркази миллии тестӣ аз математика саҳми худро гузоштааст.

Солҳои 2012-2014 дар ҳамкорӣ бо барномаҳои GIZ дар литсейҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ оид ба раванди тестиронӣ ва таҳияи тестҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронидааст. Барои устодон ва кормандони ДПДТТ семинарҳои омӯзишӣ оид ба таҳияи тестҳо ва истифодаи васоити муосири таълим, махсусан тахтаи электронӣ доир кардааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009;

Сипосномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2011;

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2019;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2020.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.