29.04.1939

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз оилаи хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи 4 ба номи В.И. Ленин. Хатмкардаи Донишкадаи технологии саноати хӯрокаи шаҳри Москва (с.1963). Аспиранти Донишкадаи технологии саноати хӯрокаи шаҳри Москва (с.1976-1980), устои сехи карамелии комбинати нонпазии шаҳри Душанбе, мудири лабораторияи комбинат (с.1963–1966), директори фабрикаи “Ширин”-и шаҳри Душанбе (с.1966–1969), директори лабораторияи Вазорати саноати хӯрока, директори идораи лоиҳавӣ-сметаи Вазорати саноати хӯрока (с.1969-1974), муовини сардори идораи истеҳсолӣ-техникии дастгоҳи Вазорати саноати хӯрока (с.1974-1977), иқтисодчӣ, сардори нуқтаи автоматикунонидашудаи танзимкунандаи ҷумҳуриявӣ (РАДП) дар назди Кумитаи банақшагирии давлатӣ (с.1977-1984), омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (с.1984-1994), дотсенти кафедраи иқтисодиёт (с.1994-1995), мудири кафедраи иқтисодиёт ва идораи ФХДТТ (с.1995-2008), дотсенти кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикстон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2010-2019). Айни замон дар нафақа қарор дорад.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба ҳолати тараққиёти соҳаи саноати хӯроквории ҶШС Тоҷикистонро мавриди тадқиқ қарор дода, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии онро муайян намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси риштаи иқтисодиёт ҳиссаи арзанда дорад. Маҳз талаботи баланд нисбат ба донишҷӯёну устодон буд, ки дар ду-се соли аввали фаъолияти педагогӣ  тавонист мақому манзалати кафедра ва факултети иқтисодиётро баланд бардорад. Дар давоми 35 соли фаъолияти педагогиаш ба беҳтар кардани сифати корҳои хаттӣ диққати махсус дод ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шуд.

Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, дастур ва маводи таълимӣ мебошад, ки дар нашрияҳои ватаниву хориҷӣ аз чоп баромадаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Мукофоти қиматбаҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи муаллимон, соли 2006;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ифтихорномаи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997.

Робита: тел. +992 92 929 20 70