01.04.1977

Номзади илмҳои физика - математика

 

Тав.: шаҳри Исфараи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: литсейи №1 ба номи А. Азизов шаҳри Исфара. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи ФХДТТ (с.1994-1999). Аспиранти ДТТ (с.1999-2000), муҳандис-барномасози калони маркази компютерии ДТТ (с.1999-2000), ассистенти кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои информатсионии ФХДТТ (с. 2000-2002), ассистенти департаменти фанҳои компютерӣ (с. 2000-2002), омӯзгори калони кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои информатсионӣ (с. 2002-2010), омӯзгори калони кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2010-2012), декани факултети технологӣ-иттилоотӣ (с. 2012-2015), аз соли 2015 декани факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар доираи тадқиқоти илмӣ бо роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика - математика, профессор Усмонов З.Ҷ. бори аввал дар илми тоҷик тарзи ҷойгиршавии оптималии ҳарфҳои забони тоҷикиро дар клавиатура таҳлил карда, дар ҷорӣ намудани он дар системаи оператсионии Windows иштирок намудааст.

Бо ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft пакети барномаҳо барои тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳоро барои барномаҳои Microsoft Office коркард намудааст.

Самти асосии корҳои илмӣ:  автоматикунонии раванди таълим, синтез ва шинохтани овоз, тарҷумаи автоматии матн, тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва корпуси забон,  системаи экспертӣ ва зеҳни сунъӣ.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Китобҳои дарсӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нашр расонидааст.

Муаллифи 1 монография, 10 мақолаҳои илмӣ, 25 шаҳодатномаи моликияти зеҳнӣ ва захираи иттилоотӣ, 6 китоби дарсӣ, 4 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳои истеҳсолӣ:

Иштирок дар коркарди луғатҳои компютерӣ, коркарди системаи иттилоотии идоракунии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, коркарди системаи боркашонии роҳи оҳан, системаи қабули пардохтҳо тавассути терминалҳои худхизматрасон (Express Pay), автоматигардонии хизматрасониҳои коммуналӣ, автоматигардонии пардохти ғайринақдӣ дар автобусҳои шаҳри Душанбе, коркарди тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои оффисӣ.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи МИҲД вилояти Суғд, солҳои 2008, 2019;

Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;

Дипломи дорандаи ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик С.Умаров дар соҳаи илм ва техника, Президенти Академияи илмҳои ҶТ,  соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.