22.09.1954

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Исфара, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №7 ба номи Аҳмади Дониш, ш. Исфара (с.1961-1971). Хатмкардаи факултети гидромелиоративии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис – гидротехник (с.1977). Ассистент, омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи мелиоратсияи факултети гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (с.1977 - 1993), декани факултети механикию технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1993 - 1994), ҷонишини директор оид ба таълим, илм ва тарбияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1994 - 1996), декани факултети муҳандисӣ-технологии ФХДТТ (с.1996 - 1997), ҷонишини директор оид ба таълим ва илми ФХДТТ (с.1998 - 1999), сардори департаменти факудтети муҳандисӣ-технологии ФХДТТ (с.1999 - 2000), мудири кафедраи агротехнология (с.2001-2003), декани факултети агротехнология (с.2003-2007), мудири кафедраи агротехнологияи ФХДТТ (с.2007-2010), мудири кафедраи агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2010-2015), аз соли 2016 дотсенти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Муаллифи зиёда аз 60  мақолаи илмиву ихтироот мебошад, ки ба технологияи истифодаи самараноки об дар шароити Тоҷикистон бахшида шудааст. Яке аз ихтирооти ӯ «Системаи қатрарези Тоҷикистон-1» дар бисёр  хоҷагиҳои ҷумҳурӣ истифода мешавад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар соли 1998 маҳз бо ташаббуси ӯ ихтисоси 74.02.06 - истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Соли 2006 аз рӯйи интихоб ҳамчун яке аз беҳтаринҳо дар самти коркарди маҳсулоти растанипарварӣ дар штати Калифорнияи ИМА коромӯзӣ намудааст.  

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002;

Ифтихорномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004;

Шаҳрванди фахрии шаҳри Дэвиси штати Калифорнияи ИМА, соли 2006.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.