28.01.1975

Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Ленинобод (ҳозира  ш. Хуҷанд), вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 8 шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи факултети технологии ФХДТТ аз рӯйи ихтисоси технология ва конструиронии маҳсулоти дӯзандагӣ (с.1996). Дӯзанда, устои баст дар ҶС “Ҷавонӣ” (с.1997), ассистенти кафедраи технологияи маснуоти саноати сабуки ФХДТТ (с.2001-2004), мудири сикли бофандагӣ, расм ва дизайни ФХДТТ (с.2004-2007), мудири кафедраи тарҳрезии маснуоти дӯзандагии ФХДТТ (с.2007-2010), мудири кафедраи технология ва тарҳрезии саноати сабуки ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2010-2012), сардори маркази тестӣ (с.2012-2014), муовини директор оид ба таълим (с.2014-2015), аз моҳи апрели соли 2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Корҳои илмии Саидӣ Д.Р. ба такмили автоматикунонии лоиҳасозии либос бахшида шуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гаштааст. Аз ҷониби ӯ феҳристи электронии унсурҳои либоси миллӣ мураттаб гардида, хусусиятҳои антропоморфии шаклҳои берунаи ҷуссаи занони ҶТ муайян карда шудааст, андозагирии антропометрии занон бо истифодаи комплекси беробита гузаронида шуда, ҷадвали тақсимоти фоизии ҷуссаҳои занона таҳия гардидааст. Натиҷаи корҳои илмӣ ҳангоми таҳияи Стандартҳои давлатӣ “Нишонаи андозаҳо. Ҷуссаҳои намунавӣ” истифода шуда, ҳамчунин дар маҷаллаҳои тақризшавандаи илмии ватанию хориҷӣ  нашр шудааст. Усули пешниҳодшуда ҳангоми омӯзиши якчанд фанҳои зинаи бакалавриат ва магистратура дар самти технология ва тарроҳии маҳсулоти дӯзандагӣ истифода мешаванд.

Муҳимтарин дастовардҳои фаъолияти меҳнатӣ ва педагогӣ

Дар давраи роҳбарӣ ба маркази тестии донишкада (с. 2012-2015) ба таҳия ва татбиқи механизми имтиҳони марказонидашуда машғул буд. Бо роҳбарии ӯ барномаҳо барои сохтани супоришоти тестии кушод ва пӯшида, барномаҳо барои генератсияи супоришоти имтиҳонӣ, логистикаи тақсимоти яквақтаи донишҷӯёни ҳамаи курсу ихтисосҳо вобаста ба аудиторияҳо ва ҳамчунин технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди маводи имтиҳонӣ таҳия ва татбиқ гардидааст. Татбиқи технологияи ташкили имтиҳони марказонидашуда дар донишкада барои пешгирии коррупсия ва таъмини сифати таълим имкон фароҳам овард.

Саидӣ Д.Р. аз соли 2015 ҳамчун директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо масъалаҳои илмии баланд бардоштани сифати дониши муҳандисӣ, татбиқи технологияи кредитии таълим, такмили низоми иттилоотии идоракунии донишкада, бунёди минтақаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва озмоишгоҳҳо барои ихтисосҳои муҳандисӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ машғул аст. Аз ҷониби ӯ системаи ҳавасмандкунӣ ва маблағгузории ҳайати устодону профессорон, ки ба болоравии сифати таълим, илм ва корҳои тарбиявии омӯзгорони донишкада мусоидат менамояд, коркард ва татбиқ гардидааст.

Дар коркарди  дурнамои рушди саноати сабук ва бофандагии ҶТ барои солҳои 2016-2020 ширкат варзидааст. Дар Донишгоҳи UNL-и Амрико (проблемаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи бофандагӣ), Донишкадаи политехникии Турини Италия, Донишгоҳи шоҳии технологии Шветсия, Донишгоҳи де Вигои Испания, Донишгоҳи Дрездени Германия,  Донишгоҳи аграрии Кракови Полша, Донишгоҳи технологии Гуэлини Хитой (оид ба масъалаҳои сифати омодакунии мутахассисон дар макотиби олии техникӣ) (с. 2004-2020)  такмили ихтисос намудааст. Ба ҳайати ширкаткунандагони анҷумани V омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек, ки масоили коркард ва татбиқи низоми миллии тахассуснокӣ, стандартҳои касбӣ ва соҳавӣ баррасӣ гардиданд (с. 2018), шомил буд.

Саидӣ Д.Р. фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бурда, аз фанҳои системаҳои автоматикунонидашудаи тарроҳӣ, моделикунонии геометрии AUTOCAD дарс медиҳад, инчунин роҳбари илмии 3  нафар магистрант ва докторанти РhD  маҳсуб мегардад. Муаллифи 74 асарҳои илмӣ, аз он ҷумла 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ ва 8 дастури таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006;

Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009;

Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи маориф ва илми ҶТ, соли 2016;

Ифтихорномаи МИҲД вилояти Суғд, соли 2017;

Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи шӯрои генералии федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, соли 2018;

Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018;

Аъзои вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.