07.07.1961

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

 

Тав.: ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 31. Хатмкардаи факултети нақлиёт ва роҳсозии автомобилии Донишгоҳи политехникии Точикистон бо дипломи аъло (с.1983). Аспиранти Институти идоракунии ба номи С. Орджоникидзеи ш. Москва (с.1986-1987), инженер ва саринженери лоиҳаҳои ИИИ “Автотранстехника” ш. Душанбе (с.1987 - 1993), муаллими калони кафедраи иқтисодии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (с.1988-1992), муаллими калони кафедраи иқтисодии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.1996 - 1997), дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1998-1999), докторанти Донишгоҳи давлатии идоракунии ш. Москва (с. 2001-2003), аз моҳи феврали соли 2004 омӯзгори Донишгоҳи давлатии идоракунии ш. Москва, аз соли 2013 инҷониб профессори кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба дар илми иқтисоди ҷаҳонӣ дар рисолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва китобҳояш масъалаҳои назарӣ ва амалии муҳимми замони муосир, дар мисоли рушди фазои ягона ва умумии иқтисодиро таҳлил ва омилҳои ба он таъсиррасонро баррасӣ намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибкасби соҳаи иқтисодиёт ҳиссаи арзанда дорад. Як доктори илм ва зиёда аз 9 номзадҳои илм омода намудааст. 

Муаллифи 6 монография, 5 китоби дарсӣ, 25 дастур ва маводи таълимӣ, 55 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Университети давлатии идоракунии ш. Москва, соли 2009, 2014, 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.