29.08.1975

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Қистакӯзи вилояти Ленинобод, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 22. Хатмкардаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1997). Мутахассис оид ба шартномаҳои шуъбаи хизматрасонии мизоҷони департаменти кор бо мизоҷони ҶСП КМ “Сомонком” (с.2008), мутахассиси гурӯҳи дастгирии дилерҳо ва муштариҳои зершуъбаи хизматрасонии мизоҷони филиали ҶСП “Индиго Тоҷикистон” дар вилояти Суғд (с.2015),  омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с. 2016-2019), и.в. муовини декан оид ба тарбияи факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ (с. 2018), аз соли 2019 мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Соли 2014 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Повышение конкурентоспособности как фактор развития региона на примере Согдийской области” дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ноил гардид. Муаллифи зиёда аз 22 мақола, 1 монография ва 2 маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Сертификати системаи менеҷменти идоракунӣ, соли 2015;

Ифтихорномаи директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.