06.04.1953

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Душанбе, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 3 шаҳри Душанбе (с.1960-1970). Хатмкардаи факултети таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе (с. 1974). Муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи №52 ш. Душанбе (с. 1974-1976), ходими илмии музеи адабии С. Айнии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Тоҷикистон (с. 1976-1982), ходими илмии Институти забон ва адабиёти АФ Тоҷикистон (с. 1982-1986), аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти забон ва адабиёти АФ Тоҷикистон (с. 1986-1989), ходими илмии Институти забон ва адабиёти АФ Тоҷикистон (с. 1989-1992), муаллими калони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 1992), мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 1992-1995), декани факултети иқтисодиёт ва идораи ФХДТТ (с. 1995 - 1997), ҷонишини директор оид ба таълими ФХДТТ (с.1997-1998), сардори департаменти фанҳои гуманитарии ФХДТТ (с.1998-2002), мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ФХДТТ (с. 2002-2010), сардори маркази бақайдгирии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2010-2012), муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ (2012-2014), мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ (с.2014-2018), аз соли 2018 то ҳоло омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар рисолаи номзадӣ аввалин маротиба дар Тоҷикистон масъалаи тарҷумаи бадеии асарҳои М. Горкий ба забони тоҷикӣ ҳаматарафа ва амиқ таҳлил гардидааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Китоби дарсии забони тоҷикӣ (бо Абдуқодиров А.) соли 2010 нашр гардид.

Муаллифи 1 монография, 10 дастури таълимӣ ва методӣ, беш аз 55 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – оммавӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Кумитаи давлатӣ оид ба саноати ҶТ, соли 1995;

Ифтихорномаи ҳукумати вилояти Суғд, соли 2001;

Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002;

Ифтихорномаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, соли 2005;

Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2010;

Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.