04.03.1948

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

Тав.: шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №20. Хатмкардаи факултети электромеханикии донишкадаи энергетикии Москва (МЭИ, с.1971). Ассистенти кафедраи асосҳои назарияи электротехникаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с.1971 - 1973), аспиранти кафедраи электрификатсияи корхонаҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳии Москва (с.1973-1976), ассистенти кафедраи асосҳои назарияи электротехникаи (АНЭ) Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с. 1977 - 1978), омӯзгори калон (с.1978 – 1982), дотсент (с. 1982 – 1984), мудири кафедраи АНЭ (с. 1984 – 1994), декани факултети энергетикии ДПТ (с.1994–1995), дотсенти кафедраи электротехника ва автоматикаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1995 - 1996), мудири кафедраи электротехника ва автоматика (с.1996 – 2008), дотсенти кафедраи электротаъминкунии ФХДТТ (с.2008 – 2010),   мудири кафедраи таъминоти барқ ва  автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2010 - 2018), аз моҳи апрели соли 2018 дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба таъмини электробехатарӣ дар корхонаҳои кӯҳӣ металлургӣ, коркарди масъалаҳои таъмини барқ дар корхонаҳои саноатӣ ва энергосарфа дар шабакаҳои барқии баланд ва пастшиддат равона шудааст. Муаллифи 72 корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 1 ихтироот оид ба чен кардани параметрҳои изолятсияи шабакаҳои нейтралашон изолятсияшуда мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбияи шогирдони баландихтисоси соҳаи электроэнергетика ҳиссагузор аст. Шогирдони ӯ дар муҳимтарин объктҳои электроэнергетикии ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд.

Дар давоми фаъолияти педагогӣ барои зиёда аз 20 фанҳои тахассусии ихтисосҳои 430103 ва 530105 матни лексияҳо, дастурҳои  методӣ оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ, корҳои хаттӣ-графикӣ, корҳои курсӣ, лоиҳаҳои дипломӣ ва ғайра тайёр намуда, аз чоп баровардааст. Барои фанҳои асосӣ: асосҳои назарияи электротехника, назарияи идораи автоматӣ, назарияи занҷирҳои электрӣ, электроникаи энергетикӣ китобҳои дарсӣ таҳия намуда, инчунин луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти электротехника ва электроэнергетикаро аз чоп баровардааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017;

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли  2018.

Робита: rahimov o Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.