13.09.1984

Номзади илмҳои педагогӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 9 шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2007). Унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими математика ва техникаи ҳисоббарори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ходими хурди илмӣ (с.2010 - 2013), муаллим – коромӯз, ассистент ва омӯзгори калони  кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2006 - 2010), аз соли 2010 омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба методикаи таълими математика дар мактабҳои миёна ва олӣ равона шуда, аввалин бор дар ин соҳа бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим усулҳои фардигардонии корҳои мустақилонаи донишҷӯён аз фанни математика ва тарзи таълими он дар мактабҳои олии техникӣ дар низоми кредитии таълим пешниҳод гардидааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Васоити таълимӣ ва китоби дарсӣ барои фанҳои математикаи олӣ, алгебраи хаттӣ, математикаи олӣ барои иқтисодчиён ва лимити функсия ва бефосилагии он,  ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ ба нашр тавсия шудааст, омода гардид.

  Муаллифи шаҳодатномаи зеҳнӣ, монографияи илмӣ, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 18 дастур, маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи МИҲД вилояти Суғд, соли 2012.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.