26.09.1952

Номзади илмҳои таърих

 

Тав.: ҷамоати Хистеварз (Қистақӯз)-и ноҳияи Б. Ғафуров (Хуҷанд)-и вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби 8- солаи № 35 ва мактаби миёнаи № 54 ноҳияи Б. Ғафуров. Хатмкардаи факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. М. Киров (с.1973). Муаллими таърих ва ҷомеашиносии мактаби миёнаи № 54 ноҳияи Б. Ғафуров (с.1973-1974), мактаби № 60 шаҳри Душанбе (с.1974-1979), аспиранти (ғоибона) Институти таърих, этнография ва археологияи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (с. 1976-1979), муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (с.1979-1993), муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии  Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1993-2010), мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ (с. 2007).  Аз моҳи августи с. 2010 муаллими калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Масоилаи робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ-ро тадқиқ карда, оид ба таърих рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.   Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дар рӯйхати КОА-и Русия ва ҶТ буда роҷеъ ба робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба табъ расидааст. Апрели соли 2016 дар салони байналмилалии Москва оид ба маориф мақолаи ӯ «Роль дружбы народов в становлении театрального искусства в Таджикистане» сазовори диплом ва медали тиллои «Намоишгоҳи байналмилалии  китоб дар НКХХ (Москва)»  гардидааст. Иштирокчии конференсияҳои байналхалқӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик шогирди ӯ ба ишғоли ҷойи сеюм (с. 2011 ва 2013) ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз фанни таърихи халқи тоҷик ба ҷойи 3 (с. 2015) ноил гардидааст.

Муаллифи 2 монография, 10 дастур ва маводи таълимӣ, 35 барномаҳои таълимӣ, 40 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – оммавӣ  мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд, соли 2002;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.