18.06.1989

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Исфараи вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: литсейи №1 ба номи А. Азизови шаҳри Исфара. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2011). Аспиранти ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с. 2011-2014), муаллим-коромӯзи кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияи иттилоотӣ (с. 2011-2013), ассистенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ (с. 2013-2015), аз соли 2015 омӯзгори калони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд .

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Коркарди барномаи Кроссворди тоҷикӣ, барномаи Транскриптори тоҷикӣ, асосҳои системаи автоматии муайянкунии муаллифи матни номаълум (дар мисоли асарҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ).

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 10 дастур ва маводи таълимӣ, 46 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Дорандаи стипендияи раиси вилояти Суғд,  соли 2014.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.