09.05.1958

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Б. Ғафуров), аз оилаи зиёӣ. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (с. 1980). Муҳандиси трести сохтмони вилояти Ленинобод, усто, истеҳсолкунандаи корҳои сохтмонӣ, сардори қитъаи сохтмонӣ дар Дастаи сайёри механиконидашудаи рақами 117 (с.1980-1987), сардори шуъбаи техникии трести сохтмонӣ (с. 1987). Аз соли 1998 бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул гашта, дар соли 2003 ширкати сохтмонии “Тиниал”-ро созмон додааст. Айни ҳол ба ҳайси муҳандис-конструктор дар гурӯҳи лоиҳакашӣ фаъолият мебарад. Аз соли 2016 инҷониб омӯзгори ҳамкори кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва меҳнатӣ:

Дар соли 2018 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Коркарди технологияи истеҳсол ва васли маснуот ва конструксияҳои сеқабата” дар Донишгоҳи қирғизу славянии ба номи Б.Н.Елсин ҳимоя намудааст. Бори аввал дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои физикию химиявӣ, аз ҷумла гармиҳимоякунӣ, мустаҳкамии маснуот ва конструксияҳои сеқабата аз тахтаҳои пенополистирол тадқиқ карда шуда, технологияи истеҳсол ва васли онҳо коркард шудааст.

Муаллифи зиёда аз 24 мақолаҳои илмӣ, 12 дастур ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ, ки аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ тасдиқ шудааст, 5 лоиҳаҳои сармоягузорӣ  мебошад. Дар сохтмони 48 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва фарҳангию маишӣ ҳиссагузорӣ намудааст. Бо ташаббуси ӯ зиёда аз 30 технологияҳои нав ба соҳаи сохтмон ва соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ҷорӣ карда шудааст. Соли 1996 дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка такмили ихтисос намуда, дар форумҳои соҳибкории Ҷумҳурии халқии Чин, Федератсияи Россия, Австрия, Эрон, ИМА, Туркия, Олмон, Дубай фаъолона иштирок кардааст.

Мукофот ва ҷоизаҳо

“Ратсионализатори хизматнишондодаи ИҶШС”, соли 1991;

Шаҳрванди фахрии штати Техаси ИМА, соли 1996;

«Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2010;

Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2013;

«Мутахассиси беҳтарини сол дар соҳаи сохтмон”, соли 2013.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.