27.10.1952

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи умумии №21 шаҳри Душанбе. Хатмкардаи факултети энергетикии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳозираи ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, с. 1975). Аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин (с. 1981- 1983), ассистент, омӯзгори калон, дотсент, сардори шуъбаи таълими ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (с.1975-1992), муовини директор оид ба корҳои илмии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1993-2010), декани факултети муҳандисӣ-энергетикии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (с.2010-2012), сардори шуъбаи таълим (с.2012- 2016), аз соли 2016 дотсенти кафедраи таъмини барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар cистемаҳои обгармкунии офтобӣ ченкунии бевоситаи сарфаи оби гармро баррасӣ намудааст. Аз лиҳози назарӣ масъалаҳои равандҳои гармиивазкуниро дар коллекторҳои офтобӣ дар шароити баландкӯҳ мавриди тадқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар давраи фаъолияти меҳнатиаш худро чун омӯзгори пуртаҷриба, мутахассиси донишманд нишон дод. Ӯ аз фанҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, равандҳои гузариш дар системаҳои электроэнергетикӣ, асосҳои тадқиқоти илмӣ таълим дода, машғулиятҳои лексионӣ ва амалиро бо маҳорати баланди услубию таълимӣ мегузаронад.

Муаллифи 10 дастури методӣ, 1 шаҳодатномаи зеҳнӣ, бештар аз 60 мақолаҳои илмӣ мебошад. Иштирокчии 30 конфронсҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2019;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000.

Робита: hojiev.anvar@bk.r