21.03.1983

Доктори илмҳои фалсафа (PhD)

 

Тав.: шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: литсейи №1. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2004). Ассистенти кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2004-2008), докторанти Донишгоҳи Анадолуи Ҷумҳурии Туркия (с.2008-2011), омӯзгори калони кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2011-2014), докторанти Донишгоҳи Анадолуи Ҷумҳурии Туркия (с.2014-2018), аз моҳи феврали соли 2019 мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Кори илмӣ ба соҳаи омори математикӣ бахшида шуда, дар самти моделҳои регрессионии ғайрипараметрикӣ ва методҳои оптимизатсионӣ тадқиқот мебарад.  Рисолаи илмӣ дар мавзӯи “Сплайн моделҳо, методҳои оптимизатсионии энтропӣ ва барномаҳои он” бо забонҳои англисӣ ва туркӣ навишта шудааст. Дар давоми фаъолияти илмӣ дар конфронсҳои байналмилалии Амрико, Португалия, Туркия, Руминия ва ғайра баромад намудааст. Ҳамчунин мақолаҳои илмии ӯ дар конфронсҳои давлатҳои Австралия ва Чехия муаррифӣ гардидааст.

Мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои “Recent Advances In Signal Processing, Computational Geometry And Systems Theory” (Италия), “International Econometric Review” (Туркия), «International Journal Of Mathematical Models And Methods In Applied Sciences», «International Journal of Economics and Statistics» (Канада), «Recent Advances in Signal Processing, Computational Geometry and Systems Theory» (ИМА), «Advances in Sustainable Aviation» (Олмон) интишор ёфтаанд.

Муаллифи 27 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.