10.08.1952

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

Тав.: шаҳри Истаравшан. Хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ (с. 1974). Номзади илмҳои техникӣ. Муҳандиси калони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Тоҷикгипроселхозстрой” дар шаҳри Душанбе (с. 1974), ассистенти кафедраи механикаи сохтмони Институти политехникии Тоҷикистон (с.1976), таҷрибаомӯз-тадқиқотчии кафедраи механикаи назариявӣ ва аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии шаҳри Ленинград (с. 1979-1983), ассистент, муаллими калон, дотсент, и.в. мудири кафедраи механикаи сохтмони Институти политехникии Тоҷикистон (с.1983-1996), директори ҶДММ “Барг - Лтд”-и шаҳри Душанбе ва директори ҶС “Зебо”- и шаҳри Истаравшан (с.1996-2000) директори маъмурӣ ва директори фонди ҷашнии 2500-солагии шаҳри Истаравшан (с. 2000), муҳандиси лоиҳаи таҷдиди Бонки рушди осиёгӣ дар шаҳр Хуҷанд (с. 2003-2006), мудири шуъбаи инвеститсияи хориҷии ҳукумати вилояти Суғд (с. 2003-2006) сарвари омӯзишгоҳи касбҳои техникии шаҳри Истаравшан (с. 2006-2009), мудири кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2010-2017), аз соли 2017 дотсенти кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Дастовардҳои муҳимтарини илмӣ:

Ҳамчун муҳандис дар мониторинги 20 лоиҳаи таҷдиди Бонки  рушди осиёгӣ барои равнақи соҳаи сохтмони вилоят ҳисса гузоштааст. Муаллифи ду китоб ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ мебошад. Дар конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ оид ба соҳаи сохтмон дар шаҳрҳои  Ленинград (с.1985), Харков (с.1986), Саратов (с.1987) ва Москва (с.1988) маърӯза намудааст.

Мукофот ва ҷоизаҳо:

Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд.

Робита: +992 92 776 19 74