11.02.1975

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: МТУ № 23. Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с.1996). Омӯзгори кафедраи грамматикаи амалии забони англисии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.1996-1998), аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с.1998-2000), омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи муосири гуманитарӣ (с.2002-2003), мудири кафедраи забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи муосири гуманитарӣ (с.2003-2004), омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.2005 - 2010),  омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с.2010-2014), мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2014-2016), мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с. 2016 - 2017),  аз моҳи сентябри соли 2019 омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Соли 2002 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Функционально-семантическое поле модальности и средства её выражения в таджикском и английском языках” дар ДДМТ ш. Душанбе ҳимоя намуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмию методӣ ва 5 дастури методӣ буда, дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ доир ба самаранокии таълим дар низоми кредитӣ баромад намудааст. 

Дар барномаҳои байналмилалии «JFDP» дар Донишгоҳи Eau-Clair, ИМА (с.2005-2006), «Айтек» дар тренинги проблемаҳои пешвоӣ дар шаҳри Нойдаи давлати Ҳиндустон (с.2014), ERASMUS MUNDUS дар Донишгоҳи BOKU дар давлати Австрия (с.2015) ширкат варзида, такмили ихтисос намудааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.