22.06.1960

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.:  шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира), аз оилаи коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 18  ба номи С. Айнии ш. Хуҷанд (с.1967-1977). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси ДДПЛ ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров, с.1982). Омӯзгори фанни забон  ва адабиёти рус дар мактабҳои № 22 ва № 26 (с. 1982–2004), омӯзгори калони кафедраи забонҳои Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2004-2005), ҷонишини директор оид ба алоқаҳои беруна ва корҳои тарбиявӣ, сардори раёсати корҳои тарбиявии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1994-2010), директори ташкилоти ғайридавлатӣ оид ба табаддулоти донишҷӯён (IASTE) ва роҳбари лоиҳаи Донишкадаи байналхалқии Винрок (Winrock International) дар шаҳри Хуҷанд (с.1995-2008), дифои рисолаи номзадӣ  (с.2011), мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2011-2016). Айни ҳол омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор  бо усули қиёс хусусиятҳои луғавӣ, имлоӣ ва услубии матнҳои илмӣ оид ба технологияи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ муайян ва тавзеҳ гардиданд. Феҳрасти  истилоҳоти асосӣ таҳия шуда, намои вожасозии маъмул ва сохтори синтаксисии калима муайян гардид. Инчунин роҳҳои таҳвили вижагиҳои луғавӣ-имлоии матнҳо оид ба технологияи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дар забонҳои мазкур ҷорӣ карда шуд.  

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 7 дастур ва маводи таълимӣ, 18 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ, соли 2002;

Ифтихорномаи Вазорати энергетикаи ҶТ, соли 2002;

Ифтихорномаи ҳукумати вилояти Cуғд, соли 2005;

Ифтихорномаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, солҳои 2003, 2006.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.