09.12.1986

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 2 шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи факултети технологии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, (с. 2009). Лаборанти калони кафедраи электротаъминкунии ФХДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2019-2010), муаллим-коромӯзи кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2010-2011), ассистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2011-2012), аспиранти Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н.Улянов, аз рӯйи самти 050309 – Системаҳои электрикӣ ва комплексҳо (Федератсияи Русия, с. 2012-2016), омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2012), муовини декан оид ба тарбияи факултети информатика ва энергетика (с. 2015-2016), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия (с. 2019). Аз моҳи сентябри соли 2019 сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми электромеханика анвои кори редуктори электромагнитиро таҳқиқ кардааст. Самаранокии истифодаи редуктори электромагнитиро дар неругоҳи барқии бодӣ санҷида дидааст. Таҳқиқи кори редуктори электромагнитиро дар анвои кори серборӣ ва анвои кори рекуператсия исбот кардааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 6 дастур ва маводи таълимӣ, 26 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Дипломи дараҷаи якуми ихтироъкор ва навовари вилояти Суғд, соли 2017;

Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..