27.12.1981

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: литсейи №1 ба номи А. Азизови шаҳри Исфара. Хатмкардаи факултети информатика ва технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 1998-2003). Лаборанти кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои информатсионии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2002-2004), ассистенти кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои информатсионии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2004-2008), омӯзгори калони кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои информатсионии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2008-2010). Докторанти Донишгоҳи Масарик, Ҷумҳурии Чехия (с. 2010-2013). Омӯзгори калони кафедраи барномасозӣ ва низомҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (2010-2019), аз соли 2019 муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар доираи тадқиқоти илмӣ бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усмонов Зафар Ҷӯраевич барномаи таҳлили автоматии морфологии калимаҳои забони тоҷикиро коркард кардааст.

Соли 2018 рисолаи номзадиро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дифоъ намудааст.

Дар раванди коркарди пакети барномаҳо барои тафтиши автоматикии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳоро барои барномаҳои Microsoft Office дар ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft иштирок намудааст.

Ҳамчун иҷрокунандаи лоиҳаҳои илмии аҳамияти ҷумҳуриявидошта фаъолият бурдааст: коркарди тезауруси лингвистикӣ барои забони тоҷикӣ; коркарди тарҷумони забони тоҷикӣ дар асоси технологияи Google.

Самти асосии корҳои илмӣ:  тарҷумаи автоматии матн, тафтиши автоматикии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва корпуси забон,  таҳлили морфологии калимаҳои забони тоҷикӣ.

Муаллифи 2 монография, 20 мақолаҳои илмӣ, 6 шаҳодатномаи моликияти зеҳнӣ ва захираи иттилоотӣ, китоби дарсӣ, дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, соли 2008;

Гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, соли 2009;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.