12.12.1954

Номзади илмҳои кишоварзӣ

 

Тав.: ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд, аз хонадони деҳқон. Таҳсил: мактаби миёнаи №18 н. Спитамен. Хатмкардаи факултети аграномияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур ш. Душанбе (с. 1977). Аспиранти Институти умумииттифоқии боғдории ба номи И. В. Мичурин  (с. 1980-1984, ш. Мичуринск), Филиали суғдии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, коргари илмии Институти боғпарварӣ  (с. 1985), мудири шуъбаи мевапарварӣ (с.1998), аз соли 2010  то ҳол омӯзгори ҳамкори кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми кишоварзии тоҷик масъалаҳои назарӣ ва амалии парвариши зардолу бо усулҳои шаклдиҳӣ ва буридани зардолу ва себро баррасӣ намудааст. Аз лиҳози назарӣ масъалаҳои бехатарии озуқавориро барои ба даст овардани ҳосили баланди растаниҳои кишоварзӣ мавриди тадқиқ қарор додааст. Соли 1989 бо ҳимояи рисолаи номзадӣ ба дараҷаи номзади илмҳои кишоварзӣ ноил гардид.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар олимпиадаи донишкадавии инноватсионӣ шогирди ӯ ба ишғоли ҷойи 1 ноил гардид (с. 2018).

Муаллифи 3 монография, 107 мақолаҳои илмӣ, 8 дастур ва маводи таълимӣ оид ба технологияи парвариши растаниҳо ва 14 тавсиянома мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Олими соли вилоят, соли 2011;

Сипосномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, соли 2014;  Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, соли 2015;

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.