1946 - 2020

Номзади илмҳои химия, дотсент

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз оилаи коргар. Таҳсил: мактаби №22 ш. Душанбе. Хатмкардаи факултети химия ва технологияи Донишкадаи технологии саноати сабуки Москва (с. 1969-1974),  муҳаррири илмии редаксияи  химия, биология ва тибби ЭСТ (с. 1974 - 1980), ёрдамчии калони илмии  Донишкадаи таърихи АУ ҶШС Тоҷикистон (с. 1980-1982), мудири шуъбаи Вазорати саноати сабуки ҶШС Тоҷикистон (с. 1982-1990), мудири кафедраи фанҳои муҳандисии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 1992-1994), мудири кафедраи химия ва технологияи саноати сабуки ФХДТТ (с. 1994-1995), мудири кафедраи технологияи саноати сабук ва хỹрока, мудири кафедраи саноати сабук, мудири сикли бофандагӣ, расм ва дизайн, ҷонишини мудир, баъдан мудири департаменти технология (с. 1995-2004), мудири шуъбаи илми ФХДТТ  (с. 2005), мудири шуъбаи илм ва инноватсияи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2010-2015), дотсенти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с. 2016-2020).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба маводи бойгониро оид ба таърихи воқифияти ҷуғрофияи замини тоҷикон ҷамъ ва таснифот кардааст.

Баҳодиҳии муқоисавии сохт, хосиятҳои физикавӣ, физикию механикӣ ва химиявии пӯсти ҳайвоноти калони шоҳдори ҷинсҳои гуногуни Тоҷикистонро гузаронидааст.

Сабабҳои кашфиёти пайвастагиҳои комплексии транстаъсириро аз назар гузарондааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 4 монография, 34 дастур ва маводи таълимӣ, 148 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Кумитаи давлатии саноати  РСС Тоҷикистон, соли 1982;

Ифтихорномаи ҳукумати вилояти Ленинобод, соли 1989;

Ифтихорномаи Кумитаи давлатии саноати ҶТ, соли 1996;

Ифтихорномаи МИҲД вилояти Суғд, соли 2005;

Ифтихорномаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, соли 2016;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.