07.11.1970

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №37. Хатмкардаи факултети баҳисобгирӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (с. 1991). Муҳосиби Ҷамъияти матлуботи Чилгазии ноҳияи Исфара (с. 1991-1993), ассистенти кафедраи молия, баҳисобгирӣ ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (с. 1994-1995), ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 1996-1997), ассистенти департаменти иқтисодиёт ва бизнеси Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2000-2002), муаллими калони кафедраи молия ва аудити Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2002-2004), сармуҳосиби Ассотсиатсияи миллии устодони фанҳои баҳисобгирӣ (с. 2004-2005), муаллими калони кафедраи молия ва аудити Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2005-2010), мудири кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2010-2019), аз моҳи апрели соли 2019 дотсенти кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Масъалаҳои назариявӣ ва амалии ташкили низоми баҳисобгирии идоравиро дар корхонаҳои саноати сабук мавриди тадқиқ қарор додааст.

Дар асоси тадқиқот натиҷаҳои зерин гирифта шудааст: таҳияи тавсияҳои методӣ доир ба ташкили низоми баҳисобгирии идоравӣ дар корхонаҳои саноати сабук, коркарди тартиби пешбурди баҳисобгирӣ ва таснифоти хароҷот дар корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ аз рӯйи марказҳои масъулият, таҳияи методикаи гузариш ба нақшаи нави ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, коркарди пешниҳодҳо доир ба такмили нақшаи нави ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар қисми захираҳо ва хароҷот ва ғ.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Таҳти роҳбарии ӯ солҳои 2015-2019 зиёда аз 10 нафар рисолаи магистриро аз рӯйи самти молия ва қарз бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар гузаронидани тренингҳои касбӣ саҳм дорад ва зиёда аз 100 нафар мутахассисони соҳаи молия ва ҳисобдорӣ ба сертификати байналмилалии САР соҳиб шудаанд. 

Муаллифи 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 8 дастури таълимӣ, 7 дастури методию таълимӣ, 54 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти амалию касбӣ:

Сертификати байналмилалии дараҷаи 1 CAP (Certified Accountant Practitioner), соли 2002;

Сертификати муҳосиби касбии байналмилалии дараҷаи 2 CIPA (Certified International Professional Accountant), соли 2012.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.