19.05.1969

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: деҳаи Хистеварз (Қистакӯз), ноҳияи Б. Ғафуров, вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 34. Хатмкардаи факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1996). Аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва (с.2004-2007), хизмат дар сафи Армияи Советӣ (с.1988-1990), маъмури хобгоҳи №1 коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (с.1990-1991), ассистенти кафедраи технологияи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1996–2000); сардори шуъбаи хоҷагидорӣ-маъмурӣ, омӯзгори калони кафедраи технологияи ФХДТТ (с.2000-2007), омӯзгори калон, мудири кафедраи химия ва технологияи маводи хӯрокаи ФХДТТ (с.2008-2010), муовини директор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с.2010 – 2020), аз моҳи январи соли 2020 омӯзгори калони кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.  

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар доираи кори илмӣ-тадқиқотӣ аввалин шуда мавҷуд будани ферментҳои протеолетикиро дар донаҳои нахӯди пухтарасидаи хелашон гуногун дар муҳити нейтралӣ ва ишқорӣ нишон додааст. Ба роҳи лабораторӣ исбот кардааст, ки протеазаи ишқории нахӯди навъи “Тоҷикистон” ба гурӯҳи ферментҳои серинӣ дохил мешавад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Васоити таълимӣ барои фанни технологияи консервакунонии маҳсулоти хӯрока таҳия намуд, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ барои нашр тавсия шудааст.

Муаллифи 9 мақолаҳои илмӣ, 2 маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2011;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009, 2011;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014;

Ифтихорномаи комиссия мубориза бар зидди коррупсияи Федератсияи Россия, соли  2014.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.