23.06.1970

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони хизматчии давлатӣ. Таҳсил: мактаби №14 шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 1992). Ассистент, муаллими калони кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (с.2005), унвонҷӯи кафедраи назарияи тарҷума ва рӯзноманигории  факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2002-2008), муаллими калони кафедраи забонҳои арабӣ ва тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (с.2007), дотсенти кафедраи забонҳои арабӣ ва тоҷикии ДДҲБСТ (с.2009-2014), дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ (с. 2014-2018), аз соли 2018 муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми адабиётшиносии тоҷик масъалаҳои назариявӣ ва амалии тарҷумаи шеъри русӣ ба тоҷикӣ ва тоҷикӣ ба русиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Муҳимтарин масъалаҳои таърихи тарҷумаро таҳлил намуда, мундариҷаи осори ба тоҷикӣ тарҷумашудаи шоирони рус ва ҷаҳонро дар қалами Лоиқ ва ҳамзамон ашъори Лоиқро дар тарҷумаҳои русӣ муайян намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дорандаи се сертификатҳои байналхалқӣ мебошад.

Муаллифи 1 монография, 10 дастур ва маводи таълимӣ, 38 мақолаҳои илмӣ ва методӣ мебошад. 

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.