05.07.1961

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Душанбе, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 32. Хатмкардаи факултети механикии Филиали хуҷандии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с.2004). Коромӯз – тадқиқотчӣ дар кафедраи механикаи ФХДТТ (с.2004-2005), ассистенти кафедраи механикаи ФХДТТ (с.2005-2010), аспиранти ДТТ  ба номи академик М.Осимӣ (с.2007-2011), ассистенти кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2010-2012), муаллими калони кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2012 - 2015), и.в. мудири кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2015-2016), аз моҳи майи соли 2016 мудири кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бо дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи "Баҳодиҳии мутобиқати автомобилҳо дар шароити вазнини кӯҳӣ бо назардошти сарфи сӯзишворӣ"  дар шӯрои илмии Институти мошинсозии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйи ихтисоси истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ба гирифтани унвони номзади илмҳои техникӣ ноил гардидааст. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаи нақлиёти мусофиркашони ҶСК “Сорбон” татбиқ шудааст. Аввалин бор дар соҳаи истифодабарии техникии автомобилҳо модели математикии таъсири шароити кӯҳӣ ба сарфи сӯзишворӣ муайян карда шуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар фаъолияти меҳнатиаш аз усулҳои пешқадами таълим истифода карда, донишҷӯёнро аз донишҳои замонавии соҳаи нақлиёти автомобилӣ бархурдор месозад. Бо иштироки ӯ нақшаҳои таълими якчанд ихтисосҳо омода карда шуд.

Муаллифи  8 дастур ва маводи таълимӣ, 40  мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016.

Гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.