25.05.1986

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд (собиқ ш. Ленинободи вилояти Ленинобод), аз хонадони коргар. Таҳсил: МТМУ № 5 ш. Хуҷанд (с.1993-1998), МТҒ “Мактаби хусусии П.А. Пӯлотов” (с.1998-2001), гимназияи назди ФХДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2001-2004). Хатмкардаи факултети технологии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2009). Оператори калони кафедраи электротаъминкунии ФХДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2008-2009), ассистенти кафедраи электротаъминкунии ФХДТТ (с. 2009-2010), ассистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с. 2010-2011), аспиранти Донишгоҳи давлатии Чувашия ба номи И.Н. Улянови Федератсияи Русия (с. 2011-2016), омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ ва автоматика (с. 2011-2015), муовини декан оид ба таълими факултети информатика ва энергетика (с. 2015-2016), сардори шуъбаи таълим (с.2016-2017), номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ ва автоматика (с. 2017-2018). Аз моҳи марти соли 2018 мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми энергетика масъалаҳои назариявӣ ва амалии ташхиси трансформаторҳои қуввагӣ, сохти танзими шиддат дар таҳти бор, таҳияи алгоритмҳои ташхис ва санҷиши коршоямии сохти танзими шиддати трансформаторҳои қуввагӣ дар таҳти борро дар зеристгоҳҳои барқии 110 кВ Шабакаҳои барқии Суғд, дар Нерӯгоҳи барқии ҳароратии марказонидашуда-2 ш. Чебоксари Федератсияи Россия баррасӣ намудааст. Аз лиҳози назарӣ масъалаҳои идоракунӣ ва танзими шиддат дар трансформаторҳои қуввагӣ, танзими реҷаи кори трансформатор, бавуҷудоии садама ва бартарафкунии онҳоро дар трансформаторҳои қуввагӣ мавриди тадқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар ташкили лабораторияҳои муосири кафедра дар якҷоягӣ бо н.и.т., профессори кафедра Раҳимов О.С. солҳои 2012-2015 ба ҷустуҷӯ ва харидории стендҳои лабораторӣ аз Ҷумҳурии Халқии Чин саҳм гузоштааст. Соли 2018 бо 16 нафар донишҷӯёни курсҳои 3-4 зинаи бакалавриат ва донишҷӯи курси 2 зинаи магистратураи ихтисоси 1-43 01 03 – Таъмини барқ барои шиносоии наздик аз рафтаи корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун экскурсия ташкил намудааст.

Муаллифи 1 патент ба ихтирооти Федератсияи Россия (с. 2018), 3 дастур ва маводи таълимӣ, 35 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Шаҳодатномаи дорандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, солҳои 2011-2012.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.