01.01.1954

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

Тав.: шаҳри Конибодом, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 20. Хатмкардаи факултети механикии Институти политехникии Тоҷикистон (с.1976). Аспиранти Институти саноати бофандагӣ ва сабуки ш. Тошканд (с.1979 - 1982), ходими калони илмӣ (с.1983 - 1985), сармуаллим, мудири кафедраи мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати сабук ва бофандагии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1985 - 1987), декани факултети механикии ФХДТТ (с.1987 – 1998; 2000 - 2006), декани факултети тайёр кардани муҳандисони хурди ФХДТТ (с.1998- 1999), мудири кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ (с.2010 - 2015), аз моҳи майи соли 2015 декани факултети сохтмон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд. 

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба оптимизатсиякунонии параметрҳои мошини нахҷудокунанда равона шуда, аввалин бор дар соҳа бо мақсади баланд бардоштани сифат органи кӯбандаи чандири нахҷудокунанда бо диаметри тағйирёбанда пешниҳод намудааст. Аз лиҳози назарӣ модели математикии раванди нахҷудокунӣ бо назардошти кашиш ва соиш байни органҳои корӣ коркарда шуда, бузургии дақиқи мазбутии органи кӯбанда муайян карда шуд. 

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Бо иштироки ӯ нақшаҳои таълими якчанд ихтисосҳо омода карда шуд. Васоити таълимӣ барои фанҳои масолеҳҳои дар автомобилҳо истифодашаванда, сохти автомобилҳо таҳия намуд, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ барои нашр тавсия шудааст.

  Муаллифи шаҳодатномаи зеҳнӣ, 50 мақолаҳои илмӣ, 5 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.