26.07.1963   

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

Тав.: шаҳраки Пролетар, вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №2. Хатмкардаи факултети механикӣ-технологии Институти политехникии Тоҷикистон (с.1985). Аспиранти Донишгоҳи давлатии техникии ба номи А. Берунӣ (с.1989 - 1991), сардори муассисаи нақлиётии рақами 32-и н. Ҷ.Расулов (с.1991-1997), мудири кафедраи мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати сабук ва бофандагии ФХДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.1998 - 2002), директори заводи пахтатозакунии ҶСК “Пахтаи Пролетар” (с.2002-2004), мудири кафедраи мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати сабук ва бофандагии ФХДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2004 - 2006), декани факултети механикаи ФХДТТ (с.2006 – 2010), декани факултети таҳсилоти тодонишгоҳӣ ва ғоибонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2010 – 2013), аз соли 2013 декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон. 

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба мукаммалкунии механизм ва мошинҳои технологӣ (мошинҳои саноати сабук, кӯҳӣ-металлургӣ) равона шудааст. Муаллифи 2 шаҳодатномаи муаллифии ихтироот,  1 патенти ихтирои Федератсияи Россия, 1 патенти ихтирои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 54 мақолаҳои илмӣ, 5 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Бо иштироки ӯ барномаҳои таълимии якчанд ихтисосҳо бо дарназардошти стандартҳои ташаббуси байналхалқии CDIO ва критерияҳои аккредитатсияи EUR ACE омода шудааст. Муаллифи лоиҳаи грантии “Мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104-Металлургияи металлҳои ранга дар асоси стандартҳои ташаббуси байналхалқии CDIO” мебошад. Профессори академияи илмҳои табитшиносии Россия мебошад, соли 2015.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000;

Ихтироъкори беҳтарини соли 2004;

Аъзои ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисии Россия, соли 2015;

Ордени “Labore et scientia”, (European scientific and industrial consortium), соли 2016;

Медали тиллои “European quality”, (European scientific and industrial consortium), соли 2016;

Медали тиллои “За новаторскую работу в области высшего образования” (Россия),  соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.