07.09.1950

Номзади илмҳои физика - математика

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 5. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Киров (с. 1972). Муаллими мактаби миёнаи № 7 ш. Қайроқум (с. 1971-1973), лаборанти калони ИФТ ба номи Умарови ш. Душанбе (с. 1973-1974), хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ (с. 1973 - 1974), лаборанти калони ИФТ, АИ Тоҷикистон (с. 1974-1975), корманди хурди ИФТ АИ Тоҷикистон (с. 1975-1984), корманди калони илмии ИФТ АИ Тоҷикистон (с.1984-1990), мутахассиси калони Комитети ҳифзи табиати ш. Душанбе (с.1990), мудири кафедраи физикаи умумӣ ва энергетикаи ДТТ ш. Душанбе (с.1990-1992), дотсенти кафедраи фанҳои умумитаълимии факултети тиббии ДДХ (с.1992-1994), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи физика ва фанҳои муҳандисии ФХДТТ (с.1994-1996), мудири кафедраи физикаи ФХДТТ (с.1996-1997), муовини сардори департаменти технологияи ФХДТТ (с. 1997-1998), мудири кафедраи математикаи олии ФХДТТ (с. 1998-2002), мудири кафедраи математикаи олӣ ва физикаи ФХДТТ (с.2002-2006). Айни ҳол дар нафақа мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар соли 1983 рисолаи илмиашро дар шаҳри Красноярск дар мавзӯи “Тадқиқи хусусиятҳои диэлектрикии кристаллҳои ниобий ва танталати литий бо усули спектроскопияи лазерии паҳншавии комбинатсионии рушноӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физика-математика ҳимоя намудаст.

Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 9 дастур ва маводи таълимӣ аз фанни физика мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаҳои директори ФХДТТ.

Робита: тел. +1(720)589 2728