ҲАМОИШ: БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД...
Дар толори донишкада ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ бо ҳамкории Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор шуд.
Ҳамоишро директори донишкада Хурсанд Содиқзода ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки санаи 19 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихиву маънавӣ баргузор гардид, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Маросими истиқболи мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангиву маърифатии миллат Нисор Муҳаммад на танҳо як чорабинии сиёсиву фарҳангӣ, балки рамзи эҳёи адолати таърихӣ, гиромидошти хотираи абармардони миллат ва нишонаи арҷгузории давлат ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан ба ҳисоб меравад.
Ин рӯйдоди муҳим дар замоне сурат гирифт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз омӯзишу қадршиносии хизматҳои шахсиятҳои таърихӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангиву маънавии кишвар табдил ёфтааст.
Сипас, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ва профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, доктори илмҳои таърих Ваҳҳоб Набизода маърӯза намуданд.
Таъкид шуд, ки яке аз иқдомҳои бисёр муҳим ва рамзии замони соҳибистиқлолӣ-ин баргардонидани хоки қаҳрамонони миллӣ ба Ватан мебошад. Ин амали нек арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтироми олӣ ба таърих, эҳёи хотираи миллӣ ва барқарорсозии адолати таърихӣ мебошад.
Фарзандони фарзонаи миллат-Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи ҷонфидоёни диёри худ мебошанд, ки дар солҳои ҳассоси таърихӣ барои таъсис ва пойдории давлати тоҷикон хизматҳои беназир анҷом додаанд. Маҳз талошу ҷоннисориҳои чунин фарзандони содиқ буд, ки миллати тоҷик соҳиби давлатдорӣ ва ҳувияти сиёсии худ гардид.
Онҳо дар даврае фаъолият мекарданд, ки масъалаи ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик зери хатари ҷиддӣ қарор дошт. Бо вуҷуди фишору таъқибҳо, онҳо баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва ташаккули давлати тоҷикон мубориза бурданд. Мутаассифона, дар солҳои мудҳиши таъқибҳои сиёсӣ ин фарзандони миллат қурбони беадолатиҳои замон гардиданд. Аммо таърих собит намуд, ки ҳақиқат пирӯз аст ва номи чунин шахсиятҳо ҳаргиз аз ёди миллат фаромӯш намешавад.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эҳтирому қадршиносии баланд номи онҳоро гиромӣ медорад. Бозгашти мушти хоки ин қаҳрамонон ба Ватан рамзи эҳтироми миллат ба фарзандони содиқ ва нишонаи эҳёи ҳақиқати таърихист.
Дар баробари қаҳрамонони сиёсӣ, Нисор Муҳаммад низ ҳамчун чеҳраи барҷастаи фарҳангиву маърифатии миллат дар таърихи тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки барои рушди маориф, фарҳанг, маърифат ва худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Мероси маънавии чунин фарзандони миллат имрӯз низ барои ҷомеа аҳамияти бузург дошта, насли ҷавонро ба ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллат ба таърихи худ бо назари тоза нигарад ва хизматҳои фарзандони фидоии худро қадр намояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ даҳҳо шахсиятҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ аз нав муаррифӣ гардида, осору зиндагиномаи онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар ин раванд саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлат арзишҳои миллӣ эҳё гардида, хотираи фарзандони содиқи миллат гиромӣ дошта мешавад. Ин сиёсати фарҳангпарварона барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки чунин тадбирҳои муҳими маънавӣ бешубҳа дар таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург дошта, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлол ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Миллате, ки гузаштагони худро эҳтиром мекунад, ояндаи дурахшон ва устувор хоҳад дошт.
Дар ҷараёни ҳамоиш гузориши муфассал аз ҷараёни овардани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат намоиш дода шуд.
Дар анҷом ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва устодон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамчунин як қатор донишҷӯён ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО