ИФТИХОРИ МО: АБРОРХОН АБРОРОВ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ДОНИШҶӮИ СОЛ-2025” МАҚОМИ АВВАЛРО БА ДАСТ ОВАРД
Аброрхон Аброров, донишҷӯи курси 4, ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол -2025» аз рӯйи равияи фанҳои дақиқ иштироки фаъолона намуда, миёни муассисаҳои олии вилоят мақоми аввалро ба даст овард.
Дар маросими қадршиносии ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол-2025” Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадафи баргузории озмуни “Донишҷӯи сол-2025” дарёфти донишҷӯёни беҳтарин ва лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат маънидод гардид.
Зикр гардид, ки дар ҳар давру замон илм барои рушд ва такомули ҷомеаи инсонӣ мақоми шоиста дошта, сатҳ ва дараҷаи тараққиёти давлат ва пешрафти ҷомеа аз сатҳу сифати саводнокию маърифатнокии ҷомеа вобаста мебошад.
Ба таъкиди Раиси вилоят саҳми ҷавонон ва наврасон дар рушди илм назаррас буда, натиҷаи дарёфту навовариҳои онҳо барои тамоми ҳамсолону ҳамдарсонашон намунаи ибрат шуда метавонад.
Ҷомеаи меҳнатии донишкада Аброрхон Аброров, донишҷӯи курси 4, ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандиро барои комёб шудан ба унвони “Донишҷӯи сол-2025” самимона табрику таҳният гуфта, барои хониши минбаъдааш комёбиҳои беназирро орзуманд аст.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО