Саводомӯзӣ ва донишмандӣ хоси мардумони шарқ буд. Зеро аксарияти олимону адибони соҳаҳои гуногун маҳз мардуми шарқзамин буданд.
Мусаллам аст, ки рӯй овардан ба омӯзишу андӯхтани илмҳои замон яке аз омилҳои асосии рушди давлату миллат маҳсуб меёбад. Соҳаи маориф ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор дошт ва бо даргузашти 35 – соли соҳибистиқлоли низ ин ҳадафи Тоҷикистон аҳамияти худро гум накарда, баръакс дар меҳвари асосии фаъолияти давлат қарор дорад. Зеро маҳз мактабу маориф яке аз соҳаи афзалиятноки кишвар буда, заминаҳои асосии рушди ҳамаи соҳаҳоро кафолат медиҳад.
Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16- уми декабри соли ҷорӣ таъкид гардид: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.”
Боиси ифтихори мо кормандони соҳаи маориф аст, ки мактабу маориф ҳамеша зери таваҷҷӯҳи махсуси сарвари хирадманду ояндабин қарор гирифта, барои баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуд ва Қонун “Дар бораи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа” ба тасвиб расид. Ин ҳама талошу заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат маҳз ба он хотир амалӣ мегардад, ки бояд ҷомеа бештар нисбат ба фаъолияти омӯзгорон арҷгузорӣ намоянд. Ояндаи Тоҷикистон маҳз дар фаъолияти самараноки ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ва босаводу соҳибмаърифат аст ва босавод намудани ҷомеа ва махсусан ҷавонон дар он инъикос меёбад, ки зиёиён фарзандони халқро дар руҳияи меҳанпарастию худогоҳии миллӣ тарбия намоянд.
Нуктаи дигари муҳиме, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дар самти фаъоли мактабу маориф қайд гардид, он буд: “Бинобар ин, мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.” Яъне кадрҳои баландихтисоси соҳаи педагогӣ кафолати таълиму тадриси баландсифат дар мактаб мебошад ва барои дурахшонии ояндаи миллату мардумони тоҷик шогирдони босаводу китобдӯст ва илмомӯзу навоварро тарбия мекунад.
Беҳуда нагуфтаанд:
Пояи давлат намонад, бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.