Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоли миллиамон ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад. Дар таърихи сарнавишти ҳар таъриху миллат санаҳои тақдирсозе мавҷуд ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун даврони саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои мо, сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллои тақдир мебошад:

Ин сафои бахт, ин фирӯзии имони мост,

Ҷашни Ваҳдат, ҷашни нузҳат, ҷашни

шаъну шони мост.

Ҳамасола дар кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ном гирифтани ин ҷашн бесабаб нест. Маҳз бо баракати ин ҷашни фархунда ҷанги хонумонсӯзи даҳшатноки шаҳрвандӣ дар кишвар хотима ёфт. Барои расидан ба сулҳу созиш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фидокорию ҷонбозиҳои зиёд карда, ҳамчун меъмори Ваҳдати миллӣ азизи дили ҳар як шаҳрванди ватан гардиданд. Пешвои миллат оид ба ҷойгоҳи ҷашни Ваҳдати миллӣ барҳақ фармудаанд: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳангӣ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Бале, ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлили тантанаи пирӯзии нури сулҳ бар зулмоти ҷанг ва ғолибияти меҳру муҳаббат бар кинаву адоват мебошад. Бо баракати ин ҷашни таърихӣ кишвар ободу зебо гардид ва дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафтҳои назаррас мушоҳида мешавад:

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,

Зӯри бозуи замон дар ваҳдат аст.

Тоҷикистон ваҳдатат поянда бод,

Нури хуршеди раҳи оянда бод!

Дар таърихи 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Россия-шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ва аз он рӯзҳои таърихию фаромӯшнопазир бист сол сипарӣ мегардад. Бист сол аст, ки мо дар фазои сулҳу осоиш зиндагӣ дорем. Дар ин замонаи тезутунд шудани муносибатҳои байналмилалӣ, раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиати абрақудратҳо мо бояд ҳушёру зирак бошем, ба қадри сулҳу осоиш ва ободии диёр расем. Воқеаҳои охири кишварҳои Шарқи Наздик ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки ба хотири соҳибдавлатию ободӣ ва осоиши Тоҷикистон шукрона намоем ва фидокорона баҳри имрӯзу фардои Ватан фаъолияти пурсамар намоем.   

Етмишбоева Ш.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд