Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи боҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва ҳар сол фарорасии он бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ Тоҷикистон ба ҷанги бародаркуш кашида шуд. Принсипҳои асосии сиёсати давлатии оид ба мусолиҳаи миллӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, муайян гардида буданд. Ин иҷлосия бо оғози раванди сулҳи тоҷикон замина гузошт.

Музокироти моҳи апрели соли 1994 оғозшудаи тоҷикон на танҳо сулҳро дар кишварамон барқарор намуд, балки саҳми бузургро дар таҷрибаи ҷаҳонии бунёди сулҳ гузошт. Нахустин даври гуфтушунид ҳанӯз моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав, мулоқоти минбаъда солҳои 1995-1996 дар шаҳрҳои Кобулу Теҳрон, Маскаву Бишкек, Машҳад, вулусволии Тахори Афғонистон, шаҳрҳои Алма-Ато ва Ашқобод баргузор гардиданд. Ба таври илова се давраи машваратҳои мобайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор гардид. Қатъи чанги шаҳрванди имкон дод, ки ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон – ҳуқуқ ба зиндагӣ таъмин гардад.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба давраи гузариш аз ҳолати низои мусаллаҳона ба марҳилаи нави мусолиҳаи миллӣ ибтидо гузошт.

Бояд гуфт, ки механизми асосии иҷрои Созишномаи умумӣ Комиссияи миллӣ буд. Ба зиммаи Комиссия ҳалли тамоми муаммоҳои вобаста ба мусолиҳаи миллӣ гузошта шуда буд. Он барои татбиқи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти байни тоҷикон бадастомада, мусоидат ба таъсиси муҳити боварӣ ва якдигирфаҳмӣ, ба роҳ мондани гуфтугӯи васеъи қувваи мухталифи сиёсии кишвар ба манфиати барқарорсозӣ ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Дар давраи гузариш дар соҳаи сиёсӣ масъалаҳои зерин:

-озод намудани тамоми маҳбусони ҳарбӣ ҳамчун санади бахши дуҷониба,

-озод намудани маҳбусони ҷонибдори мухолифин тибқи қонун дар бораи авфи умумӣ, 

-ислоҳоти сохтори давлатӣ тавассути додани 30% мансаб ба намояндагони мухолифини тоҷик дар тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, аз он ҷумла иҷроия,

-ба референдум баровардани пешниҳодҳо оид ба тағйироти конститутсионӣ,

-пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо оид ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма ва интихоби парламентӣ ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуда,

-бекор намудани маҳдудиятҳои мавҷуда дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик,

-ташкили гуфтушуниди васеъ миёни қувваҳои гуногуни сиёсии кишвар бо мақсади барқарорӣ ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ ҳалли худро ёфтанд.

Ҳалли масъалаҳои ҳарбӣ ҷанбаи муҳими рушди бомувафаққияти раванди сулҳ мебошад. Тибқи протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ халъи силоҳ (доброволная сдача оружия) ва барҳамдиҳии марҳила ба марҳилаи дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ва ҳамгироии онҳо ба сохторҳои қудратии ҳукуматӣ сурат гирифтанд. Пас аз иҷрои протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ дастаҳои мусаллаҳ пароканда шуданд.

Дар ҷанги ҳамватанӣ соли 1992 бештар аз 1 миллион сокинони кишвар иҷборан тарки кишвар намуданд. Бояд гуфт, ки ба ватан баргардондани фирории охирини кулли намояндагони халқу миллатҳои маскуни Тоҷикистон ифодагари қавлу амали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба Ватан бозгардонидани гурезагони тоҷик яке аз натиҷаҳои назарраси ноил гардидан муваффақият дар Созишномаи сулҳ мебошад.

Яке аз омилҳое, ки барои ноил гардидан ба мусолиҳаи умумӣ бояд мусоидат менамуд, ба раванди сулҳ ҳамроҳ гардидани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ буд, ки моҳи марти соли 1996 онҳо Шартномаи ризоияти ҷомеъа дар Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро маҳсули андешаи миллӣ номид, зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.

Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат оғози марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки он бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва дастгирии халқи кишварамон ба даст омадааст.

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар барқарор шудани сулҳу субот яке аз олимони шинохта чунин арзёби намудааст:

-Эмомалӣ Раҳмонов ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва дигар хизматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардум бо унвону нишонаҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст. (Ниг.: Шарипов Абдуфаттоҳ, Шамсиддинов Садриддин. Президент. (Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ), -Душанбе,”Деваштич”, 2005, с.11-12.)

Муҳити оштии миллӣ дар мамлакатамон замоне фаро расид, ки сулҳу осоиш ва оромии ҳамагонӣ, сармоягузории дохилию хориҷи дар ватанамон афзуда, иқтисодиёт ба шоҳроҳи тараққиёт даромада, ҳар як тоҷикистонӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар бораи он андеша дошт, ки чӣ тавр бо рафтори ватандӯстонаи худ иҷрои ин рисолати таърихиро, Ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳиссагӯзори намояд ва онро сарсабз намояд. Имруза санаи мубораки 22 солагии ҷашни фархундаи миллӣ Ваҳдати миллӣ далели рисолати таърихии халқи Тоҷик доир ба дустию ободкории хонаи худ мебошад.

Ҳамагонро, халқи бохиради Ватанро бо ин санаи таърихи, бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта муваффақият ва сарбаландӣ орзумандам.

 

Ҳ.Ҳофизов,

омӯзгори фанни мудофиаи

шаҳрвандии ДПДТТХ ба номи М.Осимӣ