Бонувони арҷманд, модарону хоҳарони азиз! Нахуст ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, осмони софу беғубор, сарбаландӣ ва тамоми некиҳои ҷаҳонро орзумандам.
    Воқеан ҳам, Рӯзи Модар, ки бо фармони Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.
   Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ ва тароват мебахшанд.
   Ниҳоди поки модарон шабеҳи насими рӯҳбахши баҳорист. Баҳор ва зан бо ҳам тавъам буда, беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватанд, ки ҳамагонро ҳаёту мамот бахшидаанд. Аз ҳастии пайкари бузурги модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад.
   Такя бар вуҷуди инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд.
   Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии ин иди бошукуҳ ва фараҳманд таҳният гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи ободу хотири ҷамъи осуда таманно дорам.

Ид муборак, модарону хоҳарони барнодил!