Бахшида ба солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми шуъбаи илм ва инноватсия мизи мудаввар таҳти унвони “Сайёҳӣ: имконият ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” баргузор гардид.

Мизи мудаварро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов Усмонҷон кушода гуфта, бо барномаи кории он ҳамагонро шинос намуд. Юсупов Ҷамшед, иҷрокунандаи вазифаи директори Ассосиатсияи рушди сайёҳии “Зарафшон” дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон маъруза намуда, қайд намуд, ки кишвари мо дар ҳақиқат кишвари сайёҳӣ буда, ҷойҳои таърихии зебоманзари беназирро дорост. Дар идомаи соли рушди сайёҳӣ бошад, 95 ҳазор нафар русҳо аз Тоҷикистони биҳиштосо дидан намуданд. Ҳамаи он сайёҳоне, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, асосан аз Аврупо, Амрико, Федератсияи Русия буда, бештар аз Боми ҷаҳон – Помир, Хуҷанди бостонӣ, Истаравшан, Панҷакент, Искандаркӯл дидан менамоянд. Ҳоло Тоҷикистон дар инъикоси васоити ахбори хориҷӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ ҷойи 8-умро ишғол менамояд. Юсупов Ҷамшед қайд намуд, ки   Асосиатсияи рушди сайёҳии “Зарафшон” аз соли 2008 фаъолияташро идома дода истода, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ кӯшиш намуда, дорои хизматрасониҳои меҳмонхона, маркази иттилоотӣ мебошад. 

Бобати рушди сайёҳӣ дар кишвар омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Хайриниссо суханронӣ намуданд. Донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ Ҳомидов Бахтиёр дар мавзӯи “Имкониятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон”, Умаров Фаррух ва Абдуназаров Ҷамшидҷон бо маърӯзаи “Нақши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар густариши иқтидори содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Турсунов Азимҷон “Таҳлили хусусиятҳои соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Мизи мудаварро Ахмедов Усмонҷон хотима бахшид. Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт.