Хатари терроризм экстремизм ба ҷомеа торафт бештар мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксари шомилшудагони равияҳои иртиҷоӣ маҳз ҷавонон мебошад. Бо мақсади фаҳмонидани оқибатҳои ҳузновари шомилшавӣ ба равияҳои номатлуб дар толори маҷлисгоҳи факултети муҳандисӣ –технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯён бо Меҳриддин Ғафуров,  подполковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини сардори факултети 4- уми академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродҷон Дадоҷонзода, полковники хизмати дохила, сардори шуъбаи тиббии Раёсати корҳои дохилии вилоят  ва Манзура Шамсиева , намояндаи шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД –и вилоят  доир гардид.

Чорабиниро муовини декани факултети мазкур Зӯҳро Умарова ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар баромади Меҳриддин Дадоҷонзода зикр шуд, ки дар давоми 4 моҳи соли равон дар ҳудуди  вилоят 2 ҳазору 222 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 15 ҷиноят ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рост меояд. Донишҷӯён бо дуздии амвол, қаллобӣ, бо машинаи шахсӣ ба дарс омадан, шомил шудан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ боздошт шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 137 ҷинояти гурӯҳи муташаккилона ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Муродҷон Дадоҷонзода роҳҳои пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонуниро аз гумроҳиву нодонӣ, банди ҳавою ҳавас шудан, беҳадафона истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда, аз сарнавишти чанд нафар гумроҳшудагон нақл намуд. Таъкид шуд, ки танҳо дониши баланд, ҳисси баланди ифтихори миллӣ метавонад пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гирад.

Манзура Шамсиева низ зимни баромади худ аз дастгирии давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон ёдовар шуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзию дӯст доштани марзу буми Ватан даъват намуд.

Чорабинӣ бо сӯҳбати озоду шаффов анҷом пазируфт.