(дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

Мусаллам аст, ки гуруҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ё худ ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар рӯи олам пиёда созанд. Мутаасифона, ҳаст баъзе ҷавонони кишварамон, ки ба доми фиреби ин гуруҳҳои ҷиноятпеша афтода рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк менамоянд ё бо ҳамсару фарзандон ба онҳо мепайванданд. Ҷои пинҳон нест, ки нафарони ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ё террористиву экстремистӣ афтода дониши қазоии диниву дунявӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини ислом низ фарсахҳо дуранд. Ҳол он, ки дар иртибот ба ин масъала, қариб, ки ҳамарӯза дар тамоми ВАО-и кишвар барномаҳо ва дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳатто хона ба хона вохӯриву суҳбатҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти мақомотҳои дахлдор, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва зиёиён бо аҳолӣ ба роҳ монда шудаву идома доранд.

Пахши филмҳои «Решаҳои ноаён» «Манқурт» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» баёнгари он аст, ки душманони миллат, хосса ташкилоти ТЭТ ҲНИ мехоҳад бо ҳар роҳу восита теша ба решаи миллат занад. Махсусан идеологияи хушгӯиҳои Кабирӣ бо дасти шогирдонаш боис гардида, ки тақдири  садҳо ҷавонони тоҷик ба кӯи навмедиву ғарибӣ афтад.

Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ба гуфтаҳои калонсолон, зиёиён ё хабару ҳодисаҳое, ки аз дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ дар олам рух медиҳад, сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Инро суханони Аёмиддин Сатторов яке аз саркардаҳо ва фаъолони ҲНИ дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» исбот мекунад. 

Бештар ҷавононе ба ин ҳолатҳо меафтанд, ки касбу ҳунар надоранд, забони русиро намедонанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо наовардаанд ва қонуну санадҳои меъёрии Федератсияи Россияро оиди муҳоҷирати меҳнатӣ намедонанд. Агар қаҳрамони имрӯзаи андешаи мо, аз яке шартҳои дар боло овардаамон бархурдор мешуд, аввал ин, ки дар қаламрави Русия ҷойи кори доимиро соҳиб мегардиду ҷое барои нигоҳ доштани аҳли оилаашро таъмин мекарду баъд бо аҳлу оила сафари муҳоҷират мебастанд

Хулоса, мо аҳли ҷомеа бояд аз ин ҳодисаҳои рухдодае, ки чанде пеш дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба вуқу дарси ибрате гирему дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротии ҲНИ, Гурӯҳи 24 ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ бояд қарор дошта бошем ва нагузорем, ки ин хоинону душманони миллату давлати мо вазъро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Зеро танҳо таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш, оромиву суботи сиёсии кишвар, моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонад.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд