Дар мамлакати тинҷу ороми мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар, шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро намехоҳанд, ба онҳо бо назари кинаву ҳасад менигаранд.

Ба шумури ин афрод ҷавононе шомиланд, ки бо фиребу найранги ин гурӯҳҳои террористӣ бовар карда, даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳаёти худ ва шаҳрвандонро зери хатар мемонанд. Муттаассифона, як қисми онҳо ба ваъдаҳои ҳангуфти хоҷагон ва наҳзатиёни фундаменталӣ дода шуда, имрӯз бар зидди меҳани худ кор мекунанд. Махсусан амалҳои риёкоронаи собиқ раиси ҳизби сотсиал демократии вилояти Бадахшон Алим Шерзамонов барои манқуртшавии иддае аз ҷавонон сабаб шуда истодааст. Ӯ худ кайҳо манқурт шудааст, вале ин барояш сабақ нашудааст. То ҷое ки иттилоъ дорем, дар ҳориҷи кишвар ҳоли ӯ аз ҳоли сагони кӯчагард бадтар аст. Аммо бо вуҷуди он ӯ содиқ ба хоҷагонаш мондааст. Ба андешаи ӯ имрӯз он тадбире, ки дар Бадахшон роҳандозӣ мешавад, як навъ интиқомситонии роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аст. Лек мутлақо ин тавр нест. Ин амал танхо ба хотири амну амонӣ ва сулҳу суботи минтақа аст. Агар имрӯз пеши роҳи «зӯргӯёну» зиёдаравон гирифта нашавад, пас дер хоҳад шуд.     

Ҳодисаи нанговаре, ки дар ноҳияи Данғара аз тарафи як гӯрӯҳ ҷавонони гумроҳ сар зад, бояд ба мо сабақи таърихӣ шавад.   

Аз ин рӯ, мо устодон кафедра аз тамоми мардуми соҳибзаковати Бадахшон хоҳиш дорем, ки ба ҳар гунна овозаву дасисаҳо дода нашаванд.