Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ба ифтихори таҷлили 30- солагии Истиқлолияи давлатӣ  корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Махсусан даъвати ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ  руҳияи хештаншиносии ҷавононро боз ҳам боло бурда истодааст. Маҳз таваҷҷуҳи хосса ба ҷавонон аст, ки имрӯз насли ояндасоз бо эътимоду масъулияти қавӣ роҳ ҷониби фардо мегузоранд.

Дар рушди бемайлони кишвар бешубҳа нақши мардуми минтақаи зарнисори Кӯҳистони Бадахшон хеле калон аст. Имрӯз симои вилоят кулан дигар шудааст. Ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Миёна барои рушду такомули зеҳнии ҷавонон ҳизмати бесобиқа хоҳад кард.

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони вилоят дар он машқу тамрин мекунанд.  

Аммо бар ивази ин ҳама таваҷҷӯҳи доимӣ ҷавонони вилоятро мебояд бештар ба ҳифзи Ватан- модар кӯшанд. Зеро барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Бояд ҷавонони баорияти вилоят ба фиребу дасисаҳои як гурӯҳи авбошони одамсурату ҳайвонсиришт дода нашаванд. Мулкамонро бояд бо меҳр обод кунем. Барои ин фазои ободу озод  лозим мебошад.