Ҳамдиёрони азиз! Хосса сокинони ваҳдатшиори вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  беш аз 20 сол аст, ки мо дар фазои озод ва тинҷу оромӣ зиндагӣ ба сар мебарем. Сулҳу оромӣ чи гуна арзишу қиммат дорад мо дар тору пуди худ эҳсос кардаем. Зеро замоне, аниқтараш солҳои навадум бо ҳилаву найранг ва дасисаҳои як гурӯҳ аз хоинони миллат дар натиҷаи  дасисасву амалҳои хиёнаткорона кишвари мо ба гирдоби бало ғӯтавар шуда буд. Маҳз ҳамин ашхос буданд, ки ҷрмеаро ба шӯр оварда, худ чун мусичаи бегуноҳ худро канор гирифтанд. Сулҳ бо хунбаҳои садҳо ҷавонон ба даст омад. Аммо ҳамин неъмати бебаҳоро  душманони миллат чашми дидан наёфта, борҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки мамлакатро бадоми бало кашанд.  Махсусан дар ин «амали хайр» нақши наҳзатиён хеле калон аст. Онҳо бо таъсиси «Паймони миллӣ» умед доштанд, ки  тарафдорони худро пайдо намуда, кишварамонро бо дасти худамон нотинҷ кунанд. Ба ин кор онҳо шабу рӯз заҳмат мекашанд. Ҳоло ки барои бадномкунии меҳан баҳоне намондааст, онҳо ба мардуми сарбаланду иродатманди Бадахшон часпидаанд. Онҳо имрӯз авзои сиёсии ин вилоятро ҳамин хел шарҳу эзоҳ медиҳанд, ки гӯё дар ин ҷо ба таъбири халқӣ давлат ва Ҳукумат «чистка» карда бошанд. Аммо воқеияти ҳол ин тавр нест. То ҷое иттилоъ дорем мардуми ваҳдатшиори Бадахшон чун дигар минтақаҳои Бадахшон сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд. Аммо миёни мардум ҳастанд нафароне, ки манфиатдори нооромиҳо дар ин минтақа ҳастанд. Онҳо ба гуфтаи хоҷагони беруниашон кор мекунанд. Бояд эътироф кард, ки дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳастанд гурӯҳҳое, ки солҳои сол бо кашонидани нашъаву силлохҳо аз Ҷумҳурии Афғонистон доираи тиҷорати худро васеъ карда, имрӯз ба дигарон маҷоли сухан ё амал кардан намедиханд. Ин нафарон дар олами ҷиноӣ бо номҳои  Толиб, Боқир, Ёдгор  машҳур буданд. Гумон доштанд, ки кассе пишаки онҳоро  «пиш» гуфта наметавонанд. Кор то ҷое расида буд, ки Президент ба ин масъала зимни сафари 5 рӯза дахл намуданд. Ин назари мӯйшикофонаи Сарвари давлат сангеро гӯиё аз дили мардуми охкашидаи мардум берун овард. Зеро дар сурати мудохила накардан ба масъала мазкур ҳатарисар задани  ҷанги  шаҳрвандӣ дар ин минтақа мешуд. Гузашта аз ин,  яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Мо аз сокинони воқеан ҳам соҳибдилу механпарасти Бадахшон даъват ба амал меорем, ки  ҳаргиз ба шиорпартоии нафрони “дилсӯзи” Бадахшон дода нашаванд. Махсусан  ба “зебо ва шево” сухангӯии Алим Шерзамонов бовар накунанд. Ӯ як нафар ҷосуси хориҷиён аст. Вазифаи ӯ тухми нифоқу низоъ коштану ҷангро оғоз бахшидан аст. Он гоҳ хоҷагон бемалол яроқу аслиҳаи худро пул мекунанд.

Мо ин бор набояд хато кунем, баръакс пушт ба пушти давлат барои решакан кардани нафарони манфиатхоҳ кӯшиш варзем. Зеро ҳар як амали содиршуда бояд дар назди наслҳои оянда чун оина муаффо мемонад.