Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Яке аз натиҷаҳои он Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

4.Эътимод бахшидан ба халқ

 Масъалаи дигаре, ки метавон ба хосияти чорум пайванд дод, ин мардумӣ будани Сарвари халқпарвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Халқро пояи давлатдории хеш донистан, эътибор ба хурду бузурги кишвар, суҳбати самимӣ бо мардум, ташриф ба нуктаҳои дурдасти Ватани азиз-Тоҷикистон нишонаи инсондӯстии ин марди шариф аст ва ин ҳадди эътибор бояд афзоиш ёбад.

Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони  масъулияти давлатдориро ба ӯҳда доштанашон некбин буданду ҳастанд ва бар иҷрои ҳадафҳои ояндасозу ободкоронаашон  камари ҳиммат баста, имрӯз бар хурду бузурги кишвар муҳтарамтар ва маҳбубтар гаштаанд.

Муҳим аз ҳама, Пешвои миллат дар давраи фаъолияти хеш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд барои таъмини амнияти миллӣ, сулҳу суббот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ камари ҳиммат банданд ва имрӯз ин арзишҳо дар кишварамон ҳукмфармо ҳастанд. Метавон қайд кард, ки рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардум дар сурати мавҷудияти арзишҳои номбаршуда ба миён меояд. Яъне авваллан ва умдатарин масоили ҳаёт оромӣ ва суббот аст.

Бояд қайд кард, ки  дар шароити кунунӣ зимоми давлатро бар ӯҳда доштан, дар имрӯза шароити бисёр мушкил, ки дар саросари кураи Замин бархӯрдҳои манфиатҷӯёна ва нақшаҳои пасипардагӣ мавҷуд ҳастанд  танҳо таҷриба, малакаи кордонӣ, сиёсати  дурбинона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин миён ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ зарурист ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар ба фаъолияти созгори ин фарзанди фарзонаи халқ пайванди ногусастанӣ дорад.

Воситов Равшан, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд