Оре, дар заминаи ин сухан шоири шаҳир қаҳрамон, сарояндаи сулҳу дӯстӣ, вассофи меҳнат Турсунзодаро ёдовар шудан ҷоиз аст. Ҷонфидои меҳнатдӯстиву ватанпарасти буд- устод Турсунзода. Дар эҷодиёти ин шоири бузург ҷашни бузурги таърихӣ- Рӯзи якдилии меҳнаткашонро ёдовар шудан айни муддаост. Ба гуфтаи Бозор Собир:

.. Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд Мирзои Турсунзода буд...

Маҳз зодрӯзи ин шоири зиндаёд дар ҳамин моҳ дуруст омадааст, яъне санаи 2-юми май. Якуми май дар замони пешин бо номҳои “Иди меҳнаткашон” ва “Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон” машҳур шуда дар 142 мамлакатҳои рӯйи ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд, аз соли 1886 инҷониб роҳпаймоиҳо доир мешуд. Аз тарафи ташкилотҳои сотсиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА дар ин рӯз намоиши Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС ва раҳпаймоиҳои коллективҳои меҳнатӣ баргузор мегардид.

Санаи 1-уми майи соли 1886 аз тарафи ташкилотҳои сотсиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА ва Канада дар шаҳри Чикаго якчанд намоишҳои меҳнаткашонро ташкил намуданд. Дар арафаи хотимаёбии намоиш ҷанҷол бархоста, қисми зиёди коргарон кушта ва захмӣ гардиданд. Ба хотираи қатлшудагон Конгресси интернатсионали II моҳи июли соли 1889 дар Париж “Рӯзи якдилии меҳнаткашон” эълон намуда, пешниҳод намудааст, ки дар ҳамин рӯз намоишҳои оммавиашонро бо талаботҳои иҷтимоиашон дар мамлакатҳояшон гузаронанд.

Меҳнатдӯстӣ нишонаи ватанпарастист. Софдилона меҳнат кардан ва ба боварии халқ сазовор шуданро шоир ба қалам овардааст:

Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ ҳар хонаро зебанда мегардад.

“Меҳат шараф аст”, чунки инсонро обутоб мебахшад. Боигариву сарват ва ободӣ низ аз меҳнат сарчашма мегирад.

Имрӯзҳо дар ҷараёни суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаи назар, яъне меҳнатдӯст будан ишора мегардад. Борҳо таъкид менамоянд ва халқи тоҷикро талаб менамоянд, ки бештар дар замин бо дилгармӣ ва якдиливу ягонагӣ меҳнат намоянд, чунки ояндаи Ватани азиз дурахшон бошад. Ба ин маъни Турсунзода фармудааст:

Мамлакат аз ҳиммати меҳнаткашон гул мекунад...

Воситов Равшан, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд