Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ҳангомасозиҳои терористону ифротгароён фаро гирифтааст. Дар пайравии ҳамин терористони хунхор баъзе аз хиёнаткорони ватан ба мисоли роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли наҳзати низ дар чунин амалҳои зишт даст зада, оқибат хоину хиёнаткори ватани хеш гаштанд. Имрӯз бошад, ин хиёнаткорон ба хотири як миқдор пули пучи хориҷиён манфиатҳои милли моро пушти по мезананд. Аз рӯи фармони хоҷагонашон амал намуда, мақсад доранд, ки давлати моро низ ба кишвари ҷангзада мубаддал созанд.

Ба наҳзатиҳо зарур аст, ки бояд донанд мардуми тоҷик дигар он мардумони зудбовари садаи гузашта нест. Замоне онҳо низ ба чунин исломгароён одамвор бовар кард ва натиҷаи боварии онҳо кишварро ба ҷанги хонумонсӯз оварда расонд. Ва дигар касе ба ин нобакорон иҷозат нахоҳад дод, ки амалҳои зишташонро дар миллати мо амалӣ созанд. Акнун ватан соҳибони ҳақиқии худро дорад ва намегузорад, ки ҳатто сояи нопокон ба кишвари мо ворид гардад. Минбаъд танҳо талош бар он меварзад, ки решаи терористону ифротгароёнро ба теша зада нобуд созад. Кӯшиш мекунад, ки ватанамон ободу озод ва мустақилтар гардад. Саъй мекунад, ки барои хизамти содиқона баҳри марзу буми муқаддаси хеш ҳамеша омода бошад ва барои ҳимояи як зарраи хоки диёр ҷони хешро дареғ надорад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.