Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Барои ин хушбахтона ҳама соҳаҳо меҳнати бурдборона намуда истодаанд. Махсусан хизмати мақомотҳои қудратӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи шинохти миллат хеле калон аст. Филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» хеле саривақтӣ ва иттилои воқеӣ буд, барои онҳое, ки аз рисолату моҳияти ҲНИ огоҳ набуданд. Зеро ин ҳизби мамнӯъ новобаста аз қатъ шудани фаъолияти худ имрӯз дар хориҷи кишвар бар зидди кишвари мо ҳар гуна тӯҳматҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд. Чаро мо хомӯш истем ва ба муқобили навору мақолаҳои муғризона ҷавоб нагӯем. Ин филм зарбаи қотеона ба фаъолияти минбаъдаи наҳзатиён зад. Махсусан оламиён фаҳмиданд, ки онҳо рақобати солим набурда, аз пушт корд заданӣ шуданд ва маҳсули ин носипосиҳост, ки имрӯз дар хориҷи кишвар бадарғаанд. Мо як қавлу ирода дорем, соҳиби мулки ободем ва намегузорем, ки пойи нохалафе ба марзи мо ворид шавад.

М. Раҳимова,

Х. Темирова,

Ғ. Раҷабов,

О. Раҳимов,

номзадони илм,

устодони кафедра,

собиқадорони меҳнат