Ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир шоҳид аст, ки терроризм дар асл таҳдиди воқеӣ ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Муаммои реалӣ ва душвори даҳсолаҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, ки дар як қатор мамлакатҳои дунё рўй додааст, амали ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ  мебошад.

Террор яъне ситам ва ҷазои ҷисмонӣ, амали бераҳмона, ҷабру фишор, нобуд ва зўроварӣ барои  мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ кор фармуда мешавад. Вале мутаассифона имруз ин амали носавобу ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ, кўдакони маъсум, пирони барно нигаронида шудааст, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст.

Террорист Ватан, миллат ва  дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд,  вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна  ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз хам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида мегардад.

Имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурўҳҳо рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд. Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўтӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳидшуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

 Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.