Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасп намудааст.  Ва ё ба маъное, чашми ҳасуд бар ин миллати комилҳуқуқ мебанданд.  Тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ ба мо маълум буд, онҳо тамоми кӯшишу талоши худро ба он харҷ менамуданд, ки сохти конститутсионии мамлакатҳои ҷаҳонро халалдор созанд. Ба хотири он, ки мардумонро ба ҷониби хеш кашанд эшон ҳаракат мекунанд,  бо ҳар роҳ,  шомили ин давлат шаванд  ва ҳамеша хоҳони онанд, ки фирефтагон  дар маҳалли зисти худ фармонҳои онҳоро иҷро кунанд.  Дар ҳамин холат баъзе аз рафтору кирдори чунин шахсони ҳисси инсонӣ надошта, бармеояд, ки онҳо ҳатто саводи динӣ як тараф саводи таърихӣ низ надоранд, ки аз худ барои ҳолатҳои гуногун истифода намуда, хешро аз вартаи ногувори бароранд. То кай ё худ чанд рӯз онҳо бо ваъдаҳои дурӯғ фиребхӯрдагонро нигоҳ медоранд, билохира барои корҳои ифлоси худ истифода карда ба мақсади хеш мерасанд ва парвое надоранд, ки онҳо мурдаанд ё ин ки зинда. Бечорае, ки ба доми оташбор афтодаанд дар  ҷангҳои бемаъни ва ваҳшиёнаву беадолатона беному нишон шуда мераванд.Чунин ҳолатҳо  моро водор месозад, ки мо дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунем. Дар атрофи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид шуда , якҷоя бо ин вабои асри XXI мубориза барем. Мардумро даъват кунем, ки ба донишомӯзи машғул шуда соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун шаванд ва дар ободонии ватани азизамон ҳиссаи худро гузоранд.